Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?

© Sputnik Здание Таджикстандарт в Согдийской области
Здание Таджикстандарт в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Раиси бахши "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд иваз шуд
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо имзои қароре Ғайбуллоҳ Муҳиддиновро роҳбари идораи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Суғд таъйин намудааст.
Маҳкамбой Каримов, масъули матбуотии бахши "Тоҷикстандарт" дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки роҳбари нав рӯзи якуми декабр барои ҳайати ҳамкорон муаррифӣ шуд.

“Рӯзи гузашта бо иштироки масъулони ҳукуматӣ, ки дар он аз идораи марказӣ низ намоянда иштирок дошт, ҷаласа баргузор шуд ва дар он Ғайбуллоҳ Муҳиддинов роҳбари нави "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд расман муаррифӣ гардид”, - гуфт Каримов.

Дар ин мақом Муҳиддинов Муҳаммадӣ Давлатовро иваз намуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Давлатов муовини сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Муҳиддинов Ғайбуллоҳ Хайруллоевич 11 феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологи маҳсулоти хуроки умумӣ хатм намудааст.
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Таъйиноти кадрӣ: хоҳарзодаи Қоҳир Расулзода мансаби нав гирифт
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000 минҳайси мутахассис дар "Тоҷикистандарт" оғоз намуда, то вазифаи сардори шуъбаи стандартонӣ ва ба меъёргузории техникӣ расидааст.
Муҳиддинов Ғайбулло бародари Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии Суғд аст, ки як моҳи пеш бо фармони вазири тандурустӣ ба ин вазифа таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала