Зимистони гарм дар Тоҷикистон: то 22 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксДом правительства Таджикистана в Душанбе
Дом правительства Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Дар Хатлон то 22 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳавошиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои оҷонсии ҳавошиносӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро камабр ва бебориш арзёбӣ кард. Фаромадани тормеғ ва вазиши бод бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешбинӣ мешавад. Гармии ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона то 11-16 дараҷа мерасад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала