Рӯзи байналмилалии маъюбон: сеюми декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 3 декабря
День 3 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Сеюми декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон ва дар Беларус Рӯзи ҳуқуқшиносон аст

Сеюми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1775 аввалин бор парчами ИМА парафшон шуд.
Соли 1892 дар Канада Департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.
День 2 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ: дуюми декабр дар таърих
Соли 1959 аввалин бор дар таърихи ҷаҳон киштии ҳастаии яхшикани "Ленин" ба истифода дода шуд.
Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин бор дили як нафарро ба нафари дигар гузаронд.

Сеюми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2002 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафт.
Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ба имзо расид.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи "Вашингтон диплома"-и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба орост.
День 1 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур: якуми декабр дар таърих
Соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.
Соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои сеюми декабр

Рӯзи байналмилалии маъюбон.
Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

Сеюми декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1927 — Бӯринисо Бердиева, журналисти тоҷик.
Соли 1935 — Қурбон Зардак, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Сеюми декабр кӣ даргузаштааст?

Соли 1892 — Афанасий Афанасевич Фет, шоири рус.
Соли 1919 — Пер Огюст Ренуар, рассоми фаронсавӣ яке аз асосгузорони импрессионизм.
Соли 1995 — Александр Кайдановский, ҳунарманди театр ва кинои рус.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала