Бистров гуфт, чаро даъвои мухолифини гидроэнергетика дар шароити Тоҷикистон беасосанд

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Максим Бистров, мақомдори умури энергетикаи Русия тавзеҳ дод, ки чаро гидроэнергетикаи Тоҷикистон сабзтар аз онест, ки тасаввур карда мешавад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раиси Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор дар Русия мегӯяд, даъвои мухолифини гидроэнергетикаи бузург, ки мегӯянд, садҳои бузург боиси хуруҷи газҳои гулхонаӣ мешаванд, дар мавриди Тоҷикистон дуруст нестанд.
Максим Бистров дар ҷаласаи Анҷумани дуюми АвруОсиё дар Маскав гуфт, мухолифини гидроэнергетикаи бузург онро дар назар доранд, ки майдонҳои васеъ зери об мемонанд ва ин боис мешавад, ки ҷангалзорҳо ғарқу пӯсида шаванду дар натиҷа газҳои гулхонаӣ хориҷ гардад.
Суханронии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Конгресси дуюми АвруОсиё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Аз фурӯши барқи изофӣ то нерӯи офтоб: Шералӣ Кабир дар Маскав аз чӣ гуфт? - видео
"Ин иддао дар мавриди кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дуруст нест. Он ҷо водиҳо ғарқ мешаванд, чун дар водӣ чандон ҷангалзор нест, мушкиле вуҷуд надорад", - таъкид намуд коршинос.
Ӯ афзуд, ки дар шароити Тоҷикистон гидроэнергетика ҳатто сабзтар аз онест, ки дар ҳамвориҳост.
Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор ба умури ташкил ва идораи самараноки фурӯши яклухту чаканаи нерӯ дар Русия машғул мебошад ва интизор меравад, ки дар самти якҷошавии низомҳои энергетикии Русия ва Беларус фаъолият кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала