Фармони роҳбари толибҳо дар бораи розигии духтарон ҳангоми никоҳ

© AFP 2021 / SAJJAD HUSSAINЖенщины в Афганистане
Женщины в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Мулло Ҳибатуллоҳ, роҳбари толибҳо бо имзои як фармони ҷадид таъкид кардааст, ки ҳеч кас иҷоза надорад, ба зӯр духтареро ба никоҳи худ дарорад
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунд дар фармони ҷадидаш гуфтааст, ки ризоияти духтари болиғ ҳангоми никоҳ зарур мебошад ва касе наметавонад ӯро маҷбур намояд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Зан мол нест, балки инсони озоду асил аст, омадааст дар санади нашркардаи толибҳо.
"Пас аз вафоти шавҳар ҳар гоҳе муҳлати шаръӣ сипарӣ шуд, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯрӣ ба никоҳ гирифта метавонад, на каси дигар. Зани бева дар мавриди никоҳ ва таъйини сарнавишти худ соҳибихтиёр мебошад", - иқтибос оварда шудааст аз фармони Ҳибатуллоҳ.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Ҳамлаи толибҳо ба як маросими арӯсӣ дар Тахор
Инчунин гирифтани маҳр низ аз шавҳари нав ҳаққи шаръии зан арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин аз ҳаққи зан ба мерос таъкид гардидааст.
Манбаъ афзуд, афроде, ки чанд зан доранд, уҳдадоранд, ҳуқуқи ҳамаи занонро мутобиқи ҳукми шаръӣ риоя намоянду адолатро дар муносибат бо ҳамаи онҳо таъмин созанд.
Масъулини ҳукумати ҷадид дар Афғонистон муваззаф шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди ҳуқуқи занон дар кишвар бештар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шикоятҳо аз худсариҳои толибҳо дар маҳалҳо, аз ҷумла ба никоҳи худ даровардани чандин зан нашр шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала