Ҳамлаи толибҳо ба як маросими арӯсӣ дар Тахор

© AP / Bernat ArmangueБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Толибҳо ба як маҳфили арӯсӣ дар вилояти Тахор, дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҳамла кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Афроди муовини волусволи толибҳо ва қумандони амнияти ин гурӯҳ дар волусволии Чоҳи Оби вилояти Тахор ба як тӯйи хонадоршавии бошандаи маҳаллӣ ҳамла кардаанд, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба шоҳидони айнӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамлагарон дастгоҳҳои мусиқиро шикаста, чандин нафарро латукӯб кардаанду ба ҳаво низ тир холӣ намудаанд. Таъкид шудааст, ки ҳуҷум шаби 2 ба 3 декабр рух дода, миёни ҷароҳатбардоштагон хонумон низ мебошанд. Феълан маҷрӯҳон дар беморхона бистарӣ мебошанд.
То ҳол толибҳо дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Толибҳо: Иҷоза намедиҳем ДИИШ* ба Эрон осеб бизанад
Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин низ дар пайи ҳамлаи толибҳо ба як ҷашни арӯсӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дастикам ду нафар кушта ва 10 тани дигар захм бардошта буданд.
Инчунин моҳи ноябр як ҷавони 19-солаеро низ дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон барои гӯш кардани мусиқӣ шадидан латукӯб карданд, ки баъдан ҷабрдида дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид, хабар дод рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошту ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ бо телефони ҳамроҳ аз сӯйи толибҳо кушта шуд.
Бар асоси хабарҳои расида аз вилоёти Афғонистон, толибҳо гӯш ва навохтани мусиқиро мамнуъ эълон карда, афродеро, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ё менавозанд, мавриди таъқиб қарор медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала