Ҷазои ҳуқуқшиноси "Тоҷикфилм" барои гаппартоиву дашноми ҷавонзане дар Душанбе

© Sputnik / Табылды КадырбековДевушка закрывает лицо руками
Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Як корманди муассисаи "Тоҷикфилм" барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзане муҷозот шудааст
ДУШАНБЕ, 3 дек– Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе корманди муассисаи "Тоҷикфилм"-ро дар пайи баррасии муроҷиати ҷавонзани 23-солаи пойтахт, ки бо ирсоли наворе аз пулиси пойтахт хостааст, нисбати Сайидо ном ҳуқуқшинос чораҳои қонунӣ андешида шавад, муҷозот кардааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи муроҷати зан, ҷавони мазкур шабона, ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш, дар роҳ ӯро мавриди таъқиб ва гаппартоӣ қарор дода, дар баробари ин нисбаташ дар ҷои ҷамъиятӣ аз дашному алфози қабеҳ истифода кардааст.
Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич, боздоштшуда барои дашноми духтарон дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Дашноми духтароне, ки ба лексуссаворҳо не гуфтанд: ҳабси муттаҳамон - аксу видео
Ин ниҳод гуфтааст, зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия ҳувияти нафари дар навор инъикосгардида муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Сатторов Сайидо Сайдамировичи 36-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, дар муассисаи "Тоҷикфилм" ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият мекардааст.
"Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ҷавонзани муроҷиаткунандаро таъқиб намуда, мавриди озор қарор додааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолати мазкур ҷавон, тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала