Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташкили ҳавзаи тавлиду масрафи маҳсулоти кишоварзӣ

© Министерство сельского хозяйства РТ Сулаймон Зиёзода, министр сельского хозяйства РТ
Сулаймон Зиёзода, министр сельского хозяйства РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Тоҷикистон хостори таъсиси ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Дар ин бора Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамоиши дуюми Авруосиё, ки бо ташаббуси Бонки Авруосиёи Рушд дар шаҳри Маскав баргузор шуд, иттилоъ дод.
Дар ин нишаст вазири тоҷик ба таъсиси ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, харидорон ва ширкатҳои логистикӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот миёни кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва дар сатҳи боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ пешниҳодҳое ироа намуд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш дар шакли маҷозӣ ҳузур дошт.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Бояд қайд кард, дар ҷараёни ҳамоиш тарафҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, механизми ягонаи транзитии молу хидматрасонӣ дар қаламрави Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, фаъолияти системаи нақлиётию логистикии маҳсулоти озуқаворӣ, дурнамои таъсис ва нақши шабакаи ягонаи муосири таҳвили маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Ҳамоиши дуюми Авруосиё бо ташаббуси Бонки авруосиёи рушд доир гардида, дар он Вазири кишоварзии Қирғизистон, Вазири рушди иқтисоди Арманистон, муовинони вазири кишоварзии Беларус, Қазоқистон ва Русия, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва коршиносони бахши хусусӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала