Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев, размкори шинохтаи тоҷик дар Маскав

© FacebookЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Блогер ва размкори шинохтаи ММА Чоршанбе Чоршанбиевро дар Маскав боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Варзишгари тоҷик, блогер ва размкори ММА Чоршанбе Чоршанбиев дар Маскав боздошт шуд. Дар ин бора Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт хабар додааст.
Гуфта мешавад, ин варзишгари 26-сола дар нақби Лефортово ба пойга баромадааст, ки навори қонуншикании ӯ дар "Instagram" нашр шудааст.
Размкори тоҷикро, дар роҳи МКАД боздошт ва сипас ба идораи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ бурдаанд. Ҳангоми бозпурсӣ ӯ гуфтааст, навори дар интернет нашршуда тобистон, эҳтимолан дар моҳи июл сабт шудааст.
Чоршанбе Чоршанбиевро барои бе ҳуҷҷат рондани мошин бозпурсӣ кардаанд. Ӯ шаҳодатномаи ронандагии миллиро пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави Русия эътибори қонунӣ надорад.
Ҳамзамон худрави варзишкор суғуртаи ҳатмӣ надоштааст ва ҳоло "Camry"-и ӯро ба таваққуфгоҳи махсус фиристодаанд.
Гуфта мешавад, худрави таҳти идораи Чоршанбиев идора мекард, аз Иракли Качарава буда, қариб 100 ҷарима напардохта доштааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазон Чоршанбиев бо автомобили тамғаи BMW ба сутуни канори роҳ бар хӯрда буд. Дар пайи ин ҳодиса размкор ба кормандони БДА гуфта буд, ки пеши роҳи ӯро гирифтанд ва ӯ дучори садама гашт.
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Ваз аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад.
Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала