Парвандаи ҷиноӣ алайҳи соҳибкори бозори "Корвон" барои хлопушкафурӯшӣ: Ҷазо чист?

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузаштан ба хазинаи аксПродажа пиротехники в Краснодаре
Продажа пиротехники в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Дар Тоҷикистон бо фарорасии Соли Нави милодӣ мавсими харидуфурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ - "хлопушка" оғоз мешавад ва мақомоти милиса аллакай аз аввалин боздоштҳо хабар додаанд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, садои гӯшхароши он бо фарорасии Соли Нав зиёд шунида мешавад.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе далели ин ҳолатро дар он гуфт, ки баъзе аз тоҷирон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ғайриқонунӣ маводи тарфгарӣ ворид ва паҳн месозанд.
Манбаъ аз чораандешиҳои мақомоти милиса барои таъмини оромии сокинони пойтахт зикр намуда, афзуд, ки дар калонтарин бозори кишвар "Корвон" чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронда шудаанд.
Прохожие возле новогодней ёлке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ӯзбекистониҳо Соли Навро танҳо дар доираи хонавода таҷлил мекунанд: дар Тоҷикистон чӣ?
Дар натиҷа як соҳибкори бозори "Корвон" бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардида, аз ӯ 19 ҳазор дона чунин мавод мусодира шудааст.
Таъкид шудааст, ки алайҳи дастгиршуда бар асоси моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба андозаи на чандон калон, ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 60 сомонӣ мебошад. Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала