Мулоқоти вазири маориф бо устодон дар Хоруғ: Ӯ гуфт, ҷойи донишҷӯй китобхона аст

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода
Министр образования и науки Мухаммадюсуф Имомзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот кардааст
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Мулоқоти вазири маориф бо ҳайати кормандони Донишгоҳи Хоруғ дар пасманзари эътирозҳои ахир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Ба иттилои "Оинаи зиндагӣ", нашрияи ҳукумати Хоруғ, Имомзода дар мулоқот таъкид намудааст, ки устодон бештар аз аввала бояд рисолати асосии хешро дар назди ҷомеаву давлат иҷро намоянд.
Подписание договора об образовании представителями России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Русия ва Тоҷикистон созишнома дар умури маорифро имзо карданд
Вазир зарур хондааст, ки устодон шогирдонро пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободию созандагӣ тарбия кунанд.

"Манфиати мардум, давлат ва миллат аз ҳама болотар меистад. Муҳассилини донишгоҳ бояд ояндаи рӯшан дар пеш дошта бошанд. Зеро ҷойи донишҷӯ пеш аз ҳама китобхона, донишгоҳ ва боргоҳи маърифат аст", - зикр шудааст аз қавли вазири маориф.

Ӯ афзуд, ки омӯзгоронро лозим аст, ба донишомӯзию маънавиёти донишҷӯён таваҷҷуҳ кунанд.
Манбаъ мегӯяд, ки профессор Гулзорхон Юсуфзода, ректори ДДХ иброз доштааст, ки раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳукумат буда, ба ҳамаи вазъу ҳолатҳо нигоҳ накарда, содиқ мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала