Эҳтимоли афзоиши музди муҳоҷирони корӣ дар соли 2022

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксПрибытие поездов из Средней Азии в Москву, архивное фото
Прибытие поездов из Средней Азии в Москву, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Камбуди муҳоҷирони корӣ мизони маош дар Русияро боло бурд ва ин тамоюл эҳтимол дар соли 2022 идома ёбад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Масъалаи камбуди нерӯи корӣ дар Русия ба он оварда расонд, ки то охири соли 2021 маоши муҳоҷирон ва онҳое, ки дар сохтмон, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ кор мекунанд, афзоиш ёбад, хабар медиҳад "Российская газета".
Ҳамин тариқ муҳоҷирон, дурусттараш норасоии онҳо дар ҳама соҳот, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ маъмулан бо кор таъмин мешуданд, музди корро зиёд кард.
Тибқи маълумоти "Росстат", ҳоло маоши миёна дар Русия 54,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад, аммо то охири соли 2021 метавонад то 56 ҳазор рубл афзоиш ёбад. Дар умум соли соли ҷорӣ ҳаққи моҳона тақрибан 5 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар бахши сохтмон, ба гуфтаи Вазорати сохтмони Федератсияи Русия, хуруҷи муҳоҷирон ба камбуди дастикам 2 миллион коргар мунҷар шудааст. Талабот ба кадр боиси афзоиши маоши бинокорон шудааст.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Вазорати рушди иқтисод: Муҳоҷирон дар Русия маошро боло мебаранд
Музди меҳнати бинокорону таъмирчиён соле ба ҳисоби миёна 25-30 фоиз зиёд шудааст.
Ба далели нарасидани нерӯи корӣ дар Русия маоши боркашон, коргарони анбор, пайкрасонҳо ва ронандагон низ ба ҳисоби миёна 25% меафзояд. Дар бозори кори Русия норасоии нерӯи корӣ дар соли оянда низ эҳсос хоҳад шуд, афзуд манбаъ.
Аз ин рӯ маош тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт, аммо на ба он суръате, ки соли гузашта иттифоқ афтод.
Ба гуфтаи Анастасия Ускова, мудири кулли пойгоҳи "Rocket Work", меъёрҳои бозори меҳнат мисли пештара талаботро муайян мекунанд ва то охири сол он тасвиреро, ки дар ду семоҳаи аввали соли 2022 хоҳад буд, пурра инъикос мекунад.
Умуман дар соли нав афзоиши музди кор назар ба таваррум зиёд мешавад. Яъне дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, музди меҳнат тақрибан 10-15% меафзояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала