Омӯзгорони иҷоранишини ДМТ соҳиби хона мешаванд

© PixabayКлючи от квартиры
Ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳудуди 25 омӯзгори иҷоранишини худро бо манзили зист таъмин менамояд ва бунёди хона барои даҳҳо нафари дигар давом дорад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонаҳоро ба 25 омӯзгор аз ҳисоби хобгоҳҳои маҳаллаи Гипрозем тақдим менамояд.
"Ин хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, дастовезу кӯмаки хубе барои онҳое мешавад, ки солҳои зиёд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоияе, ки масъулини ДМТ нашр кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар навбати аввал аз ҳар як факулта як нафар устод аз ранҷи бехонагӣ озод мегардад.
Дар қатори нақшаҳои дигаре, ки раёсати ДМТ дорад, бунёди маҷмааи истиқоматии дигар барои омӯзгорон мебошад. Зикр шудааст, ки бино дар маҳаллаи Лучоб барои 140 нафар омӯзгор аст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ба наздикӣ шароити зиндагии аспиранту унвонҷӯён низ беҳтар мешавад, чун хобгоҳи 12-ошёна барои духтарон дар маҳаллаи Лучоб мавриди истифода қарор мегираду хобгоҳҳои дигар холӣ мешаванд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, феълан бузургтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала