Қарори Рустами Эмомалӣ барои ҷаласаи нави Маҷлиси миллӣ: андозу терроризм баррасӣ мешаванд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумонро даъват кард
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 17 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Бар асоси иттилоияи Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон, Кодекси ҷадиди андози Тоҷикистон баррасӣ мешавад, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ахиран қабул гардид.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Баъди қариб 20 сол: Абдуллозода бо пешниҳоди президент аз мақомаш бозхонд шуд
Баррасии қонунҳои "Дар бораи муқовимат бо терроризм", "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" аз мавзуъҳои меҳварии дигари ҷаласаи ҳаштум арзёбӣ мешавад.
Аъзои палатаи болоӣ инчунин тағйирот ба Қонун "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Кодекси ҷиноятии кишварро муҳокима мекунанд.
Дар баробари баррасии ин ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳаштум инчунин ройзании пешниҳодҳои президенти ҷумҳурӣ дар бораи интихоб ва бозхонди судяҳои мақомоти судӣ дар назар дошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала