Раҳимзода сатҳи омодабошии ҷангии низомиёнро дар ВМКБ санҷид

© © Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Сардори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кори воҳидҳои низомӣ дар Помирро тафтиш кард
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тафтиш кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.
Вазир вазъи омодагии ҷангии қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиа дар ВМКБ-ро имтиҳон намудааст.
Гуфта мешавад, омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ қарор дошта, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб қарор доранд.
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Супориши Раҳмон ба Мирзонабот: Ҷавонони ВМКБ-ро бо кор таъмин кунед
"Зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд", - афзудааст манбаъ.
Раҳимзода барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.
Илова бар ин Раҳимзода омодагии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии вилоятро барои давраи зимистонгузаронӣ тафтиш кардааст.
Санҷиш маълум кардааст, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар анбори онҳо захираи хӯрока, либос ва сузишворӣ кофӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала