Аз рублу доллар то евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКурс валют
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар ҳоло 152.6 сомонӣ муқаррар шудааст.
Арзиши асъори русӣ дар охири моҳи гузашта аз марзи 150 сомон барои ҳазор рубл поин рафт, аммо дар оғози моҳи декабр боз гаронтар шуд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.8049 сомонӣ қимат дорад.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ҳоло дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2948 сомонӣ аст.
Пачка долларов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар шудааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл 0,1526 -1545 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1515 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0