Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Таҳдид ба Аврупо: штамми нави коронавирус дар кишварҳои ИА паҳн мешавад

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Беш аз нисфи аврупоиҳо дар чанд моҳи оянда эҳтимол зери таъсири "омикрон" қарор гиранд
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Тибқи маълумоти Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Аврупо паҳншавии штамми нави коронавирус суръат мегирад ва эҳтимол ба зудӣ беш аз нисфи аҳолии кишварҳои Аврупоро сироят кунад.
Дар баробари ин хадамоти матбуотии идора то ҳол гуфта наметавонад, ки вируси мутатсионӣ то чӣ андоза зуд паҳн мешавад, ин беморӣ то чӣ андоза душворгузар аст ва самаранокии муҳофизати иммунӣ дар беморони гирифторшуда чӣ гуна аст.
Пандемия коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Навъи нави коронавирус - "омикрон" се баробар бештар сироят мекунад
Манбаъ қайд мекунад, ки барои пешгирии паҳншавии штамми нав дар Иттиҳоди Аврупо ва чораҳои пешгирикунанда ва муҳофизатӣ лозим аст.
Қаблан пизишки амрози дарунии дараҷаи олӣ Алексей Водовозов тавзеҳ дода буд, ки вирус бо мақсади афзоиш ва забти ҳарчи бештари организмҳо таҳаввул ва такмил меёбад, ин хатари асосии он аст.
Коршинос ҳамчунин қайд кард, ҳоло барои қазоват кардан дар бораи чӣ гуна интиқол ёфтани беморӣ ва сатҳи фавт аз он барвақт аст, зеро тадқиқоти анҷомшуда барои ин кофӣ нест.
Иллюстрация коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ: Штамми "омикрон" ба 23 давлат роҳ ёфт
Ёдовар мешавем, дар Африқои Ҷанубӣ штамми нави "омикрон" кашф карда шуд. Ҳоло ин навъи мутатсия дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала