Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Тоҷикистону Туркия дар робита пайгирии барномаҳои иқтисодии ду кишвар ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов бо вазири саноат ва технологияҳои Туркия, ҳамраиси қисмати туркии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия Мустафо Варанк дидору мулоқот кард.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот бештар ба масоили иқтисодӣ дахл шудааст.
Зимни вохурӣ тарафайн дар бораи корбариҳо, вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намудаанд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон ба мувофиқа расидаанд, ки масъалаҳои иқтисодии зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳошияи 15-умин саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасишударо мавриди пайгирии амиқ қарор диҳанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон
Пештар кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни дидору мулоқот дар шаҳри Ишқобод дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аз ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ гуфтанд, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил дод.
Сиёсатмадорон гуфтанд, ки барои боло бурдани ин нишондод аз имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон васеътар истифода гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала