Ушаков: Путин то Соли Нав мулоқот бо шарикон аз ИДМ-ро дар назар дорад

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Раисҷумҳури Русия то охири соли равон мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро дар нақша дорад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Владимир Путин то Соли Нав бо чанде аз роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои мустақил мулоқот мекунад, хабар дод ёвари раисҷумҳур дар умури байналмилаллӣ Юрий Ушаков.
"Агар иттифоқчиёнамонро аз ИИАО ва ИДМ гирем, ният аст, ки президенти мо агар бо ҳамаашон на, бо бисёре аз онҳо мулоқот мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Ушаков.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Cанаи мулоқоти Путин ва Байден маълум шуд
Ба суоли мушаххаскунанда, ки оё мулоқотҳо ҳузурӣ баргузор мешаванд, ёвари президент посух дод, ки Кремл талош мекунад, то ин мулоқотҳо бевосита ва рӯ ба рӯ бошанд. Дар мавриди он ки оё мулоқот дар Маскав дар назар аст, Ушаков посух надод.
"Мо кор карда истодаем, то Соли Навро дар иҳотаи дӯстон пешвоз гирем", - шӯхӣ намудааст ёрдамчии раисҷумҳури Русия.
Ин дар ҳолест, ки нимаи моҳи сентябри соли равон сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ дар назар буд. Аммо ба далели гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус ӯ сафарашро ба Душанбе лағв кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала