Ҷангҳои Тандурак: Самангон ҷабҳаи нав алайҳи толибон шуд

© AFP 2021 / Ahmad Sahel Arman Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Ҷонибдорони Аҳмади Масъуд дар Самангон, яке аз вилоятҳои марказии Афғонистон, ҷабҳаи ҷадиди ҷанг бо толибонро боз карданд
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Ин нуқтаи чаҳоруми ҷанг алайҳи толибон пас аз Панҷшеру Андаробҳо ва Хусту Фиринг аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба таври аланӣ вориди ҷанг шудааст.
Холид Аюбӣ, яке аз афроди марбути Аҷабхони Самангонӣ, аз фармондеҳони ҷабҳа дар Самангон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷанг миёни гуруҳҳои муқовиматгарон ва ҷангиёни толиб дар соҳоти кӯҳистонии Кӯҳи Баст ва Тандураки вулусволии Айбак аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ идома дорад.
“Нерӯҳои мо ҳанӯз аз замони суқути вилояти Самангон дар моҳи июл ба ин манотиқ мустақар шуда, то ҳамин ахир ба хотири ҷалб накардани таваҷҷуҳи толибҳо даст ба ягон амалиёт назада буданд. Аммо шаби сешанбе онҳо моро муҳосира намуда, ҳамла оварданд. Мо ҳоло аз муҳосира берун омада, ҷангро идома медиҳем”, - гуфт Холид Аюбӣ.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
"Шикасти толибон дар арсаи байналмилалӣ” – изҳороти Зоҳир Ағбар
Бино ба гуфтаи ӯ, фармондеҳии ҷангро як ӯзбектабор ба номи Аламхон Самангонӣ, фармондеҳи хезишҳои мардумии зиддитолиб ва аз боқимондаҳои ҷангиёни фармондеҳи маъруф Аҳмадхони Самангонӣ бар ӯҳда ва ҳудуди 500 ҷангӣ таҳти амр дорад.
Аҳмадхони Самангонӣ марбути ҳизби Ҷунбиши миллии исломии Абдурашид Дӯстум, раҳбари ӯзбекҳои Афғонистон буд, ки дар замони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд (1996 – 2001) ин манотиқро таҳти назорат дошт.
Вай соли 2012 дар пайи як ҳамлаи интиҳории толибон ҳангоми тӯйи арӯсии духтараш дар як тарабхонаи шаҳри Айбак, маркази Самангон ба шаҳодат расида буд. Холид Аюбӣ гуфт, Осиф Азимӣ, раиси пешини дафтари Ҷамъияти исломӣ, ҳизби тоҷикони Афғонистон ва Мулло Ҷалол, фармондеҳи толибон дар Самангон, масъули амалиёт алайҳи неруҳои Ҷабҳаи муқовамат дар Тандурак ҳастанд.
“Осиф Азимӣ аз афроди мо буд, аммо хиёнат кард. Бино ба гузоришҳои мо, маҳалли ҳузури моро маҳз ӯ ба толибон гузориш кардааст. Вай муттаҳам ба тарроҳии қатли Аҳмадхони Самангонӣ дар ҳамкорӣ бо толибон аст”, - гуфт ӯ.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳҳои муқовиматгарон аз вулусволиву вилоятҳои дигар ҳамҷавори Самангон низ бо онҳо тамос гирифта, иддае ҳам пайвастаанд.
“Нафароне аз гуруҳи Эшони Холид, яке аз фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ, пас аз шурӯъи даргириҳо аз Балх худро ба мо расонда, ҳоло дар канори мо меҷанганд. Як гуруҳ аз ҳазораҳои вулусволии Дараи Суфи Боло, ки дар гузашта таҳти амри марҳум Амирхон Сарвар буданд, низ ба мо пайвастаанд. Теъдоди мо рӯз ба рӯз меафзояд”, - гуфт ӯ.
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд
Тибқи иттилои ин манбаъ, то ба ҳол дар ҷангҳои Тандӯрак аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат чаҳор тан кушта, 9 нафар захмӣ ва як тани дигар ҳам асир шудааст ва толибон се кушта дар майдони ҷанг гузоштаанд.
Минтақаи кӯҳистонии Тандӯрак аз 10 русто иборат буда, миёни вулусволиҳои Дараи Сӯфи Боло, Ҳазрати Султон ва шаҳри Айбак, маркази маъмурии вилояти Самангон мавқеият дорад, ки ба қавли Холид Аюбӣ, ҳоло таҳти тасарруфи нерӯҳои Муқовимат мебошанд.
Лутфуллоҳ Ҳабибӣ, сухангӯи вазорати дифоъи толибон, дар сафҳаи твитераш як видеоро пахш кардааст, ки дар он ҷасади ду сарбоз ва як мӯйсафеди асири Ҷабҳаи муқовимати миллӣ нишон дода мешавад.
"Фикр накунанд, ки неруҳои Иморат ба шаҳрҳо дохил шуда, кӯҳҳоро тарк карданд!", - ҳушдор додааст ӯ.
Ба ҳамин минвол, Самангон ба як ҷабҳаи дигари ҷангҳои чирикии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон табдил меёбад.
Қабл аз ин, нерӯҳои муқовимат дар дараҳои фаръии вилояти Панҷшер, минтақаи Андаробҳо ва Хусти Фиринги вилояти Бағлон аланӣ аз худ дарак дода буданд. Ҳамзамон, фармондеҳоне, назири Шабири Лугарӣ дар вилояти Лугар ва Ҷамшеди Кӯҳистонӣ дар вилояти Балх аз пайвастани худ ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва тааҳҳуд бо раҳбари он Аҳмади Масъуд тариқи наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кӣ дар фақр ва мушкилоти Афғонистон гунаҳкор аст
Гузоришҳое ҳам аз вилоятҳои Бодғис, Ҳирот, Кобул, Парвон, Кописо ва Ҷузҷон мерасанд, ки ривоят аз камину ҳамлаҳои ҷудогона алайҳи толибон мекунад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷой доштани чунин маворидро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, аммо аз ироаи тафсилот худдорӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала