Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надорад

© AP / Rahmat GulАфганские беженцы на окраине Кабула
Афганские беженцы на окраине Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Бо фарорасии фасли сармо зиндагии мардуми афғонистонӣ ва бавижа кӯдакон душвор мешавад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Наздик ба 800 000 кӯдаки афғонистонӣ манзили муносиб надоранд. Дар ин бора созмони байнулмилалии "Save the Children" хабар медиҳад, ки маълумоти онро "TOLOnews" пешниҳод кардааст.
Ба гуфти онҳо, 8,5 миллион ноболиғ бо фарорасии сармо имкони кофӣ барои гарм кардани худро надоранд.
Памирские кыргызы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Нигаронии САҲА аз вазъи қирғизҳои Помир
Дар наворе, ки Sputnik Афғонистон дар саҳифааш дар телеграмм нашр кардааст, дида мешавад, ки кӯдакон барои дарёфти қути лоямут дар кӯчаҳо кор мекунанд.
Онҳо мегӯянд, бояд ба кор раванд, аммо на ҳама кору нон доранд.
Ба гуфти Билол Каримӣ, муовини сухангӯи толибон, ин гурӯҳ талош дорад, мушкилро тавассути идомаи тамосҳо барои ҷалби кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ҳал кунад.
Бино ба пешбиниҳо, 22.8 миллион сокини Афғонистон мумкин аст, дар замистони пешорӯ бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шаванд ва 97 дарсади мардум то миёнаҳои соли 2022 дар фақр фурӯ равад.
Наркоман, спящий под мостом в Кабуле, где собираются сотни наркозависимых  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Фоҷиаи башарӣ: 97%-и мардуми Афғонистон ба фақр фурӯ меравад
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз ин кишвар, рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо Панҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангаду талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал алайҳи толибон дар солҳои 1996-2001 аст. Ӯ амалан Ҷабҳаи муқовимати миллии дувумро пас аз суқути Кобул дар 15 августи соли равон эълон кард ва раҳбарии онро ба зимма дорад.
Нерӯҳои ҷабҳа ҳоло дар вилояти Панҷшер бо толибҳо дар ҳоли ҷанганд. Панҷшер танҳо вилоятест, ки ба пуррагӣ аз сӯйи толибон ишғол нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала