Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 4 декабря
День 4 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Обуна шудан
Имрӯз чоруми декабр дар Ҳиндустон Рӯзи флоти ҳарбии баҳрӣ ва дар Русия Рӯзи информатика аст

Рӯзи 4 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷадвали баргузории бозиҳои Ҷоми КФО нашр шуда буд.
Соли 1948 Комиссияи иқтисодии Шарқи Наздики СММ таъсис дода шуд.
Соли 1961 дар шаҳри Маскав маросими кушодашавии Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид, ки он то 15 декабр давом кард.
Соли 1974 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо дар Шри-Ланка беш аз 190 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шуд.
День 3 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Рӯзи байналмилалии маъюбон: сеюми декабр дар таърих
Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи "Мушоҳид" нашр шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён кард.
Соли 2012 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мастақил ба Туркманистон сафар кард.
Соли 2017 Тоҷикистон дар Рейтинги рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии "Институти Legatum" тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.
День 2 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ: дуюми декабр дар таърих
Соли 2009 дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон Эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони "Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина"-ро имзо кард.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи аввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.
Соли 2014 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе машкилоти асторофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои чаҳоруми декабр

Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбии баҳрӣ.
Дар Русия – Рӯзи информатика.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд?

Солҳои 1887 шоир, яке аз асосгузорони шеъри муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли 1922 аз Эрон ба ИҶШС муҳоҷират карда буд.
Соли 1896 нависандаи барҷастаи Русия, Шоири халқии Тоҷикистон Николай Тихонов таваллуд шудааст.
Соли 1947 сарвазири пешини Тоҷикистон Яҳё Азимов таваллуд шудааст.
Соли 1955 ҳунарманди театр Гулсара Қодирова таваллуд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0