Кӯфӣ: Дар фармони толибон дар мавриди занон чизи наве нест

© AFP 2021 / JOHANNES EISELEВедущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ба дунболи ҳукми Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари толибон дар бораи ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ як сиёсатмадор ва аз ҳомиёни ҳуқуқи занони афғонистонӣ гуфт, дар ин ҳукм ҳеҷ чизи наве нест
ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Фаузия Кӯфӣ, сиёсатмадор ва ҳомии ҳуқуқи занони афғонистонӣ дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишт, ки озодӣ ба издивоҷ ва интихоби занон дар Қонуни Асосии қаблии кишвар низ буд ва он чизи нав нест.
"Он чизе, ки дар эъломияи толибон дар бораи издивоҷ ва ҳуқуқи интихоби зан барои занон гуфта шуда буд, дар Қонуни безӯроварӣ чанд сол пеш сабт шуда буд. Беҳтар аст, аз ҳамон қонун кор бигиреду ба занону духтарони афғон иҷоза диҳед, ки аз аслитарин ҳуқуқи башарӣ ва исломӣ, аз ҳаққи кор ва таҳсил бархурдор шаванд".
Пас аз тақрибан 120 рӯзи ҳукмронии толибон дар Афғонистон ва даъватҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳуқуқи занон раҳбари ин гурӯҳ аввалин фармон дар бораи ҳуқуқи занонро содир кард.
"Зан мол нест, балки инсони озоду асил аст", омадааст дар санади нашркардаи толибҳо.
Женщины в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Фармони роҳбари толибҳо дар бораи розигии духтарон ҳангоми никоҳ
Аммо дар ин фармон ишорае ба дастовардҳои занони афғонистонӣ дар замони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар, аз ҷумла дар заминаи омӯзиш ва фаъолияти касбӣ нест
Дар фармони Ҳибатуллоҳ Охунд издивоҷи иҷбории занон манъ шудааст. Раҳбари толибон дар банди аввали ин фармон навиштааст: “Дар вақти издивоҷ ризоияти духтарони болиғ зарур аст”.
Масъулини ҳукумати ҷадид дар Афғонистон муваззаф шудаанд, ки шарҳу тафсири ҳуқуқи занонро барои онҳо дар ин кишвар бештар кунанд.
Фармони Охунд дар ҳолест, ки толибон мехоҳанд ҷомеаи байналмилалиро мутақоид кунанд, то онҳоро ба расмият бишносанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала