Низомиёни пойгоҳи 201-ум хотираи сарбози номаълумро гиромӣ доштанд

© пресс-служба ЦВО МО РФРоссийские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата
Российские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Обуна шудан
Сарбозони рус дар Тоҷикистон дар оромгоҳи сарбози номаълум гул гузоштанд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Рӯзи сарбози номаълум низомиёни пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон ба хоки бародаронаи сарбозони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбохта гул гузоштанд.
Сарбозон, собиқадорони пойгоҳи низомии 201 ва намояндагони сафорати Русия бо гулчанбарҳои сурх ба қабристони православии шаҳри Душанбе омаданд.
Ҳозирон аз афсарон ва сарбозоне, ки дар муҳорибаҳо барои аз истилогарони фашистӣ озод кардани Иттифоқи Шӯравӣ ҳалок гардидаанд, инчунин аз онҳое, ки дар беморхонаҳои Сталинобод (Душанбе) аввал ба далели маҷрӯҳӣ бистарӣ шудаанду баъдан даргузаштаанд, бо як дақиқа сукут ёд карданд.
© пресс-служба ЦВО МО РФРоссийские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата
Российские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Российские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата
"Соли аввал нест, ки ман ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷустуҷӯи қабрҳо ва муайян кардани шахси сарбозони пешқадам, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва ҳатто дар Помир дафн шудаанд, корҳои душвореро анҷом медиҳем. Вазифа аз он иборат аст, ки хотираи корнамоиҳои қаҳрамонона алайҳи фашизм, ки ба мо сулҳу озодӣ ва истиқлол мебахшад, боқӣ монад", — гуфт сардори гурӯҳи ихтиёрии ҷустуҷӯи ҳарбии "Хотира-201" Ғафур Шерматов.
Ба гуфтаи ӯ, барқарорсозии ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷустуҷӯи қабрҳо ва шиносоии он сарбозони ҷабҳа, ки то ҳол ному насабашон номаълум аст, дар соли ояндаи ҳам идома хоҳад дошт.
© пресс-служба ЦВО МО РФРоссийские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата
Российские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Российские военнослужащие в Таджикистане возложили цветы к могиле Неизвестного солдата
Дар қабристони православии шаҳри Душанбе аҷсоди сарбозоне, ки дар ҷабҳа захмӣ шуда, барои табобат ба ақибгоҳ фиристода шуда буданд, ба хок супурда шудаанд.
Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 29 бемористони низомӣ мавҷуд буд, ки 22-тоаш дар Душанбе ҷойгир қарор дошт.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0