Расулзода хост, сохтмонҳо дар Хатлон ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд

© Пресс-служба президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Обуна шудан
Расулзода дастур дод, то сохтмонҳои нав ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанду дар иншооти нав ҷойҳои корӣ созмон дода шаванд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба навоҳии Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафар карда, бо ҷараёни корҳои ободонӣ ошно шудааст.
Дар ноҳияи Фархор Расулзода бо ҷараёни корҳои таҷдиду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии “Уртабуз” ва тадбирҳои ободонӣ дар ноҳия ошно шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Таҷдиди пойгоҳҳои обкашии мавзеи "Уртабуз" дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ” аз соли 2020 оғоз гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар мавзеи мазкур 5700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, тавассути пойгоҳи обкашии "Уртабуз-1" 1381 гектар ва пойгоҳи обкашии "Уртабуз" 4 3914 гектар замин обёрӣ мешавад.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми боздид аз боғҳои ноҳияи Ҷайҳун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Баъди Суғд: Дар Хатлон низ гулгашти "Дуои модар" сохта мешавад
Манбаъ афзуда, ки дар доираи Ҷашни 30-солагии истиқлол дар ноҳияи Фархор 503 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз ин 13 ададаш ба соҳаи тандурустӣ ва 28-тои дигараш ба соҳаи маориф марбут аст.
Айни замон дар 44 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Бояд гуфт, тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ аслан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша анҷом мешаванд.

"Расулзода вусъат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ба инобат гирифтани талаботи муосири сохтмонӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави кориро дар иншооти бунёдшаванда зарур шуморид", - омадааст дар хабар.

Дар идомаи сафараш Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сехи дӯзандагӣ, маркази хидматрасонӣ ва хатти нави коркарди намаки оширо ба истифода супорида, бо фаъолияти ҶДММ “ТОҶАГРО” ва “Нонпаз”, бо ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳкашҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намудааст.
Марказҳои хидматрасонӣ дар деҳаи Меҳнатобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи ҷашнҳои миллӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудаанд.
Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Мақомоти Хатлон: Беш аз ҳафт ҳазор зан бекор аст
Дар марказҳои хидматрасонӣ сехӣ дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав, маркази забономӯзӣ ва толори варзишӣ ҷойгир мебошад.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ду иншооти хидматрасонӣ наздики 30 нафар ва хатти нави истеҳсолӣ дар корхонаи коркарди намак дар ҶДММ “Алоқа” 13 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштааст.
Корхонаи мазкур асосан аз соли 2003 фаъолият менамояд.
Лентаи хабарҳо
0