Сӯиқасд ба волии Панҷшер: сухангӯи ҷаълии Ҷабҳаи муқовимат фош шуд

© © Александр ХроленкоМавзолей Ахмада шах Масуда в Панджшерском ущелье
Мавзолей Ахмада шах Масуда в Панджшерском ущелье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ахбори даст доштанаш дар сӯиқасд ба ҷони волии Панҷшерро рад кард
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Қаблан як нафар худро сухангӯи Ҷабҳа муаррифӣ намуда, ин ҳамларо кори дасти муқовиматгарон хонда буд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамлаи имрӯз ба Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии “Толибон” дар вилояти Панҷшер кори дасти нерӯҳои муқовимат нест.

“Нерӯҳои мо дар ин ҳамла ҳеҷ нақше надоранд. Ин кори дасти худи толибон метавонад бошад”, - гуфт Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.

Қаблан расонаҳои ғарбӣ ба нақли қавл аз Шамсуддин Ҳомид, ки “яке аз сухангӯёни Ҷабҳа” муаррифӣ шудааст, хабар дода буданд, ки нерӯҳои муқовамати миллӣ Мавлавӣ Абдулалӣ, машҳур ба Қудратуллоҳ, воли Панҷшерро дар минтақаи Таймании шаҳри Кобул ҳадаф қарор додаанд, ки “мутаассифона, ҷон ба саломат бурдааст”.
Тибқи иттилои расонаҳо, дар пайи ин ҳамла 5 сарнишини мошини ҳомили волии Панҷшер, ба шумули худи ӯ захмӣ шуда, аммо касе аз онҳо ба ҳалокат нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо як сухангӯ дорад ва фарде ба номи Шамсуддин Ҳомид сухангӯи ҷаълӣ аст.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Ҷангҳои Тандурак: Самангон ҷабҳаи нав алайҳи толибон шуд
“Аз расонаҳои муҳтарам даъват мекунем, ки дар масоили хабарӣ бо сухангӯи худи ҷабҳа тамос бигиранд”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 23 ноябри соли равон Сибғатуллоҳ Аҳмадиро минҳайси сухангӯи худ муаррифӣ намуда буд, ки аз сӯйи раҳбари ҷабҳа Аҳмади Масъуд таъйин шудааст.
Ӯ дар ин вазифа Фаҳими Даштиро иваз намуд, ки 5 сентябр замони ҳамлаи “Толибон” ба Панҷшер ба шаҳодат расида буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала