Ваксина занед, баъд ба Душанбе равед: муроҷиати БДА-и Суғд

Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Идораи Бозрасии давлатии автомобилии Суғд (БДА) бо нашри як эълон аз ронандаҳои шимоли кишвар даъват намудааст, ки қабл аз сафар ба шаҳри Душанбе алайҳи бемории коронавирус воксин бигиранд
ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Ин эълони БДА шоми дирӯз 3 декабр аз тариқи шабакаҳои телевизионии Суғд пахш шуд.
Фахриддин Аваззод, сардори ситоди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин эълон бо тавсияи вазорати тандурустӣ ба нашр расонида шудааст.
“Ҳадаф аз пахши эълон огоҳонидани мардум аз хатари эҳтимолии сироятшавӣ ба коронавирус ва риояи тавсияи табибон аст. Ситоди кормандони вазорати тандурстӣ дар автовокзали Хуҷанд ва дар маркази ноҳияи Айнӣ ташкил карда шудааст, ки ба эмгузаронии ронандаҳое, ки ба самти Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ равонаанд машғуланд”, - афзуд Аваззод.
Эълони воксингирии ҳатмӣ барои ронандаҳои Суғд дар ҳоле ба нашр расидааст, ки ахиран Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавнон ва аъзои гурӯҳи кории ҳукумат зимни сафараш ба Суғд аз камбуди нишондодҳои оморӣ дар бораи ин маъракаи сартосарӣ интиқод кард.
Аҳмадзода Дилноза муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Талоши мақомот барои пешгирӣ аз тавсеаи коронавирус: Ваксина гиред!
Зимни боздиди гурӯҳи кории ҳукумат камбуди фарогирии аҳолӣ ба эмгузаронӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Исфара ва Панҷакент арзёбӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи расмӣ алҳол аз теъдоди умумии 1, 7 миллион аҳолии Суғд то санаи 3 декабр 43, 5 % алайҳи бемории коронавирус воқин гирифтаанд.
Хуруҷи коронавируси навъи “омрикрон” дар кишварҳои ҷаҳон масъулони идораи беҳоштии Тоҷикистонро нигарон намудааст.
Ҳоло ба ҷузъ ронандаҳо масъулин аз намозгузорони масоҷид ва волидони хонандаҳои макотиб даъват мекунанд, ки барои ҳифзи саломатии худ аз хуруҷи коронавирус воксин бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала