Ёқубов ба сабқати қаҳрамонии ҷаҳон ворид шуд - видео

© © пресс-служба Академии единоборств РМКБоксер из Таджикистана Мухаммад Якубов
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Муҳаммад Ёқубов довталаби унвони қаҳрамони WBC-и ҷаҳон мебошад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Муҳаммад Ёқубов, зодаи Тоҷикистон довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабуки WBC шудааст.
Аммо барои ин вай бояд ду бор вориди ринг шавад. Ёқубов бояд исбот кунад, ки омодаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ аст, аммо ҳариф дар даври ниманиҳоӣ ҳанӯз муайян нашудааст.
Дар авоили мавсими имсола дар мусобиқаи муштзании ҳирфаӣ дар Екатеринбург миёни Муҳаммад Ёқубов (17-0, 9 КО) ва Кристиан Палма аз Чили (31-10-2, 7 КО) қувваозмоӣ сурат гирифт.
Мубориза бо Палма барои Ёқубов 6-умин дифои камарбанди WBC International гардид.
Муҳаммад Ёқубов дар робита ба саркашии ҳариф аз набард дар даври чорум бар Кристиан Палма пирӯз шуд ва унвони худро ҳифз кард.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Ёқубов муштзани ҳирфаӣ буда, феълан дар Санкт-Петербург зиндагӣ ва тамрин мекунад.
Мураббии амрикоӣ ба омодагии муштзанҳо Раҳимов ва Ёқубов шурӯъ кард
Ёқубов дар вазнҳои сабук баромад мекунад. Ӯ дар Исфара ба дунё омада, дар синни 10-солагӣ ба тамрини бокс шуруъ кардааст. Қади ӯ 165 сантиметр аст, инчунин бояд гуфт, ки Ёқубов чапдаст аст.
Муштзан зарбаи хеле қавӣ дорад, вай аксари вақт муборизаҳои худро бо зарбаи чап ба минтақаи ҷигар хотима медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала