Арабистони Саудӣ аз моҳи оянда ба ваксиншудаҳо бо "Спутник V" иҷозати вуруд медиҳад

CC BY 3.0 / Ralf Roletschek / Аэропорт Абу-Даби, Объединенные Арабские Эмираты
Аэропорт Абу-Даби, Объединенные Арабские Эмираты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ ба қатори 102 кишваре дохил шуд, ки ба афроди бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шуда, иҷозати вуруд медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Афроне, ки бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шудаанд, ҳамакнун метавонанд бидуни ягон мушкил вориди Арабистони Саудӣ шаванд.
Ин кор дар пайи ҳамкориҳои муштараки Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ва Сандуқи сармоягузории мустақими Русия (RDIF) бо дастгирии Вазорати сармоягузории ин кишвар ҳосил гардид.

"ССМР тасмими мақомоти танзимкунандаи Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар бораи иҷозаи вуруд аз 1 январи соли 2022 ба афроде, ки бо "Спутник V" моякӯбӣ шудаанд, эълон мекунад. Арабистони Саудӣ ба рӯйхати 102 давлате шомил шудааст, ки ваксиншудаҳои "Спутник V" метавонанд аз он дидан кунанд", - омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, вуруди афроде, ки тавассути ваксини сохти Русия моякӯбӣ шудаанд имкон медиҳад, ки барои зиёрати маконҳои муқаддаси ислом ба шаҳрҳои Макка ва Мадина сафар кунанд.
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Арабистони Саудӣ барои хориҷиён ҳаҷи умраро иҷозат дод: ба киҳо ва аз кай
Қаблан, Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ танҳо ба нафароне иҷозати сафар медиҳад, ки алайҳи бемории коронавирус бо ваксинҳое, ки аз ҷониби Сзмони ҷаҳонии беҳдошт тасдиқ шудаанд, моякӯбӣ шуда бошанд.
Аммо, СҶБ то ҳол ваксинаи "Спутник V" -и Русияро тасдиқ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0