Атаман аз рост мезанад: Лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқаи UFC - видео

Обуна шудан
Мусобиқаи навбатии UFC, ки дар Лас-Вегас гузашт, аз лаҳзаҳои ҷолибу такондиҳанда ғанӣ буда, мақбули мухлисон шудааст
Саҳифаи UFC "Russia" дар шабакаи "YouTube" ҳолатҳои ҷолиби мусобиқаи Қаҳрамонии мутлақи размкорон, UFC-ро ҷамъ овардааст.
Дар сабқати калидии рӯйдод размкори амрикоӣ Роб Фонд ва варзишкори бразилиягӣ Жозе Алду вохӯрданд, ки бо ҳамовозии доварон пирӯзӣ ба охирӣ дода шуд.
Дар зӯрозмоии калидии дигар размкори қазоқу қирғиз Рафаэл, "Атаман" Физиев ҳарифаш аз Зеландияи Нав Брэд Ридделро ба нокаут фиристод.
Ҷудокорони тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило дар  финали Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Нашри навори сабқати ду ҷудокори тоҷик дар финали чемпионати Осиё - Уқёнусия - видео
Дар доираи он ҳамчунин зӯрозмоии Ҷим Крут ва Ҷамол Хилл баргузор шуд. Дар ин сабқат Хилл бо нокаут пирӯз гардид.
Дар вазни сабук тавононтарин варзишкори амрикоӣ Клей Квид шуд, ки бар Леонардо Сантос ғолиб баромад.
Баргузории мусобиқаи навбатии UFC 269 дар Лас-Вегас, дар толори "T-Mobile" дар назар аст. Таърихи баргузории ин рӯйдод 11 декабр муқаррар шудааст.
Дӯстдорони ҳунарҳои разми омехта дар ин мусобиқа шоҳиди зӯрозмоии Дастин Поре, ки ду бор варзишгари ирландӣ Конор Макгрегорро шикаст додааст, бо размкори бразилиягӣ Чарлз Оливейра хоҳанд шуд, ки аз ахирӣ Ҳабиби Нав ном мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0