Зӯрозмоии ду паҳлавони тоҷик дар финали мусобиқаи байналмилалӣ: Ризоев пирӯз шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Ду паҳлавони ҷавони тоҷик дар финали мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо дар шаҳри Бейрути Лубнон ба даври ниҳоӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило ба финали Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 миёни ҷавонон роҳ ёфтанд.
Дар ин мусобиқа, ки шоми 5 декабр баргузор шуд, Шодмон Ризоев пирӯз гардида, соҳиби медали тилло шуд. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо медали нуқра ба Ватан бармегардад.
Дар даври қаблӣ Шодмон Ризоев ҳарифашро аз Ӯзбекистон шикаст дода, ба финал баромад.
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Ёқубов ба сабқати қаҳрамонии ҷаҳон ворид шуд - видео
Дар ин қувваозмоиҳо миёни ҷавонон 127 варзишгар, аз ҷумла 82 мард ва 45 зан аз 17 давлат иштирок менамоянд. Тоҷикистонро Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров, Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуд Аҳмадзод, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев, Раҳматулло Мирзоев, Мансур Раҳмон ва Давлатҷон Назриев намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарони навраси кишвар дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия, ки он низ дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, 3 медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Парвиз Абдураҳмонов сазовор шуда, биринҷиҳоро Суруш Эркаев ва Муҳамад Юсуфзода ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала