Эрдуғон аз ҳамлаи террористӣ наҷот ёфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Кишвардори Туркия аз ҳамлаи террористӣ наҷот ёфт. Пулиси ин кишвар дар як гирдиҳамоӣ бо иштироки президент маводи таркандаеро безарар намуд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Хадамоти вижаи Туркия бомберо дар шаҳри Сиирт дар ҳоле безарар намуд, ки бо иштироки Раҷаб Тайиб Эрдуғон он ҷо гирдиҳамоӣ баргузор шуд, хабар додааст Ҳамза Дог, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушд.

"Дар зери мошини як афсари пулис, ки дар Мардин кор мекард, маводи тарканда гузошта шуда буд ва ӯ ҳангоми расидан ба Сиирт нақшаи роҳандозӣ кардани инфиҷор дар он ҷоро дошт. <...> Онҳо мехостанд ба гирдиҳамоӣ халал расонанд ва муҳити осоиштаро халалдор кунанд", - гуфтаат сиёсатмадор ба CNN "Turk".

Гуфта мешавад, кормандони пулис зимни тафтиши мошин бомбро дарёфт кард ва он билфосила нобуд карда шуд.
Дар Туркия гирдиҳамоӣ ҳам аз ҷониби ҷонибдорони Эрдуғон ва ҳам мухолифони ӯ баргузор мешавад. Ҳамин тавр дар шаҳри Мерсин, дар ҷануби ин кишвар ҳазорон нафар пас аз поин рафтани қурби пули миллӣ ба талаби истеъфои раисҷумҳур ба майдон баромаданд.
Президент Турции Реджеп Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишварро аз Туркия хориҷ менамояд
Президент шаҳрвандонро ба эътимод ба иқтисоди миллӣ даъват карда, ваъда дод, ки вазъро ба эътидол меорад. Ба гуфтаи вай, яке аз сабабҳои болоравии қимат афзоиши шадиди нархи ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ будааст.
Раҳбарони аҳзоби мухолиф раисҷумҳурро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам карда, хостори раъйдиҳии пешакӣ шуданд. Аммо Эрдуғон ин ташаббусро рад кард ва гуфт, ки интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия тибқи нақша дар моҳи июни соли 2023 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0