Ҳамоиш дар Душанбе ба хотири 80-умин солгарди муҳориба барои Маскав

© SputnikВ Душанбе провели митинг в честь 80-летия битвы за Москву
В Душанбе провели митинг в честь 80-летия битвы за Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав яке аз рӯйдодҳои ҳалкунанда дар раванди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба муносибати 80-умин солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав ва оғози ҳамлаҳои ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои фашистӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ дар боғи Ғалаба, сафир Игор Лякин-Фролов иштирок карда, аз аҳамияти пирӯзии таърихии назди Маскав гуфт.

"Дар пайи ҳамлаҳои ҷавобӣ дар назди Маскав, душман ба ақиб ба тарафи ғарб гардонда шуду Олмони фашистӣ шоҳиди нахустин шикасти ҷиддияш дар Ҷанги бузурги ватанӣ гардид", - изҳор дошт Лякин - Фролов.

Ба гуфтаи сафир, пирӯзӣ дар ҶБВ дастоварди муштараки тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ буда, ҳамаи онҳо саҳми бузурге дар ғалаба гузоштанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳудуди 320 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози ҷанг ба ҷабҳа рафтанду бисёре аз онҳо барнагаштанд.
Набард барои Маскав: саҳми Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Саҳми тоҷикон дар дифоъ аз Маскав дар ҶБВ
"Имрӯзҳо масуният аз вируси миллатгароӣ боз хеле заиф шудааст. Дар бархе кишварҳо тарғиби ошкорои идеяҳои миллатгароӣ ҷараён дорад. Талошҳои таҳрифи таърих ва кам нишон додани аҳамияти Ғалабаи бузург сурат мегиранд", - илова намуд сафир.
Ӯ зарурияти ҳифзи хотираи таърихиро таъкид намуда, афзуд, ки он бояд ба наслҳои оянда расонда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар муҳорибаи назди Маскав Дивизияи 20-уми савораи куҳӣ аз Тоҷикистон иштирок карда, дивизияи пиёдагарди 78-уми олмониро торумор намуд ва ба дивизияҳои ба ном "Сари мурда" -ю "Олмони бузург" зарбаи сангин зад.
Лентаи хабарҳо
0