Мастчоҳ аз лимити барқ озод мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Бо сохта шудани зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти барқ дар ин минтақа аз байн меравад
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқӣ оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли нерӯи барқи шаҳри Гулистон сохта мешавад. Ҳадафи сохтмони ин зеристгоҳ кам кардани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" мебошад.
Гуфта мешавад, бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВт ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд.
Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти нерӯи барқ дар ин минтақа аз байн меравад, иттилоъ медиҳад манбаъ.
ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Рӯстам Пӯлотов "лимит"-и барқ дар Суғдро шарҳ дод
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бемушкилӣ расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ шудаанд.
Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0