Нашри навори сабқати ду ҷудокори тоҷик дар финали чемпионати Осиё - Уқёнусия - видео

Шабакаи телевизиони "Варзиш" навори зӯрозмоии ду паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё - Уқёнусия - 2021-ро нашр кардааст
Ҷудокорони тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило барои ҷои аввал ва медали тиллои Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021 миёни ҷавонон қувва озмуданд.
Дар ин сабқат, ки шоми 5 декабр баргузор шуд, Шодмон Ризоев пирӯз гардида, соҳиби медали тилло шуд. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов бо медали нуқра ба Ватан бармегардад.
Дар даври қаблӣ Шодмон Ризоев ҳарифашро аз Ӯзбекистон шикаст дода, ба финал баромад.
Дар ин қувваозмоиҳо миёни ҷавонон дар шаҳри Бейрути Лубнон 127 варзишгар, аз ҷумла 82 мард ва 45 зан аз 17 давлат иштирок менамоянд. Тоҷикистонро 9 паҳлавон - Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала