Таҳқиқи навори шикояти духтар аз бадрафтории ҷавоне дар бозор: Ҳар ду муҷозот шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Мақомоти милиса навори шикояти як духтареро, ки дағалона аз бадрафтории ҷавоне шикоят мекард, таҳқиқ кардааст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти милиса қаҳрамонҳои навореро, ки дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе сабт шудаасту тайи рӯзҳои охир дар интернет мечархид, муайян кардааст.
Дар навори нашршуда ҷавондухтаре як ҷавонписарро бо иддаои он, ки аз дасташ қапидааст, дашном дода, таъкид намудааст, ки барои ин амалаш посух хоҳад дод.
Раёсати умури дохилии Душанбе гуфт, муайян шуд, ки иштирокчиёни ҳодиса марди 30-сола, сокини шаҳри Бохтар ва духтари 25-сола, сокини пойтахт мебошанд.
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2021
Куштор дар Шаҳринав: бо табар қатл карду оташ зад
Маълум гардидаст, ки санаи 3 декбари соли ҷорӣ, ҷавонписар дар кӯчаи Зарнисор дар бозори "Корвон", дасти духтарро қапидасту дашном додааст. Дар посух ҷавондухтар низ дағалрафторӣ намуда, суханҳои қабеҳ задааст, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаст, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки алайҳи ҳарду иштирочкии муноқиша тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои майдаавбошӣ парванда тартиб дода шудааст.
Бо қарори додгоҳ ҷавонписар барои 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҷавондухтар ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 420 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала