Талабот ба лимӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Лимоны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Фурӯшандаҳо маҳсулоти лимӯпарварони Тоҷикистонро аз сари замин яклухт харид мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз гардид, хабар додааст шабакаи телевизионии "МИР 24".
Дар ҷумҳурӣ навъи хоси лимӯ - "Мейера"-ро парвариш мекунанд, ки махсусан миёни кишоварзони вилояти Хатлон машҳур мебошад.

"Ин намуди маҳсулот хеле обдор буда, пӯсташ низ тунук аст. Танҳо шустани он кофист ва метавон онро бо пӯсташ истеъмол кард. Ин тавр ҳатто муфидтар аст", - изҳор дошт лимӯпарвар Ғулом Салоҳов.

Ӯ изҳор кард, ки тухмиҳои "Мейера"-ро ба Тоҷикистон нимаи асри гузашта ворид намудаанд ва иқлими кишвар барои парвариши ин намуди маҳсулот хеле мувофиқ аст.
Лимон в виде елочной игрушки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2021
Лимӯпарварӣ дар ноҳияи Ҷайҳун - навор
Лимӯпарвари дигар Муртазо Шарипов, пухта расидани лимӯро аз рангаш муайян мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки ранги он бояд зарди тира бошад ва зимни ҷамъоварии ҳосил бояд бо думчааш ҷамъоварӣ гардад. Дар акси ҳол ҳосил то харидор намерасад, изҳори боварӣ намуд Шарипов.
Таъкид шудааст, ки бо фарорасии фасли сармо талабот ба лимӯ ду баробар афзоиш ёфта, савдогарон онро аз сари замин яклухт мехаранд.
Бар асоси гузориши нашршуда, феълан дар бозорҳои Душанбе нархи килои лимӯ ҳудуди як доллар мебошад, аммо баъди чанд ҳафта метавонад поин равад.
Дар Тоҷикистон лимӯ дар баробари истифодааш зимни омодасозии ғизо инчунин барои табобати сармозадагӣ низ истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала