Тоҷикистон қариб 2,2 миллиард сомониро барои пардохти қарзи берунӣ ҷудо кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Тоҷикистон барои пардохти қарзи асосии берунӣ дар соли 2022, бе назардошти пули фоизҳо, беш аз 2 миллиарду 179 миллилон сомонӣ маблағ равона мекунад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои пардохти қарзи асосии берунаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллиарду 179 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, омадааст дар қонуни буҷа барои соли 2022.
Дар ин қонун, ки ахиран аз ҷониби парлумону президент тасвиб шуд, таъкид гардидааст, ки беш аз 1 миллиарду 186 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад. Ҳудуди 992 миллион сомонии дигарро корхонаҳо пардохт мекунанд, ки зери кафолати давлатӣ қарз гирифтаанд.
Эмомали Рахмон дарит подарки детям - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Иловаи 34 миллиони дигар: Пули Фонди захиравии президент дар соли нав маълум шуд
Аз ҷумла "Барқи Тоҷик" - 922 миллион, корхонаи "Обу корези Душанбе" - 16,8 миллион, "Тоҷиктрансгаз" - 8,6 миллион, "Помир энерҷӣ" - 11,6 миллион, "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 25,1 миллион, "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 3,3 миллион ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 4,1 миллион сомониро барои пардохти қарзи беруна равона хоҳанд кард.
Таъкид шудааст, ки ин пул барои пардохти қарзи асосӣ равона шуда, фоизҳоро дар бар намегирад. Дар қисмати хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти фоизҳои қарзи беруна 1 миллиарду 59 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахир қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, Чин ҳамоно аз қарздиҳандаҳои асосии кишвар маҳсуб меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала