Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ 13 нафарро кушт - навор

© Foto Public domain / USGS / M. PatrickЛавовые потоки вливаются в кратер вулкана Килауэа на Гавайях
Лавовые потоки вливаются в кратер вулкана Килауэа на Гавайях  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Сокинони зиёд ба хотири наҷот додани ҷони худ манзилҳои худро партофта рӯ ба гурез ниҳоданд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Шумори қурбониёни оташфишонии вулқони Семеру дар шарқи Яваи Индонезия ба 13 нафар расид, хабар медиҳад Antara.
Манбаъ аз ҷароҳатдор шдани беш аз 100 нафар хабар дод. Гуфта мешавад, ба захмбардоштаҳо ёрии фаврии тиббӣ расонида шуд.
Қаблан дар бораи як кушта ва 41 осебдида аз ин офати табиӣ гузориш шуда буд.
Сардори наҷотбахшони Индонезия ба хабарнигорон гуфт, ки аз замони оташфишонии вулқон, 902 сокини маҳаллӣ аз манотиқи хавф кӯчонида шуданд.
Извержение вулкана на канарском острове Ла-Пальма, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
"Фаввора"-и оташин: вулқон дар ҷазираҳои Канар бедор шуд
Оташфишонии вулқони Семеру, баландтарин кӯҳ дар ҷазираи Ёва, нимаи дуюми рӯзи шанбе рух дод. Вулкан ба атмосфера микдори зиёди хокистар партофтааст. Ин таркиш боиси фаромадани тармаҳои фурӯзон ва "борони вулқонӣ" гардид.
Тавре портали Tempo Indonesia хабар медиҳад, рӯзи шанбе тамоми осмони минтақаи вулқонро абрҳои хокистар фаро гирифта, рӯи замин торик шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала