Эҳтимоли ихроҷи Чоршанбиев аз Русия ба Тоҷикистон

© FacebookЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Додгоҳи Маскав парвандаи Чоршанбиевро пас аз дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русия баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Варзишгари тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро имкон дорад, аз Русия ихроҷ кунанд, менависад канали "Telegram 112".
Гуфта мешавад, дар додгоҳи Маскав парвандаи ӯ дар зимни нақзи муқаррароти вуруд ё будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия баррасӣ мешавад.
Нисбати варзишгари тоҷик барои пойгаи бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ дар роҳҳои пойтахт, ки боздошт шуда буд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки размкори шинохтаи тоҷики ширкати "Fight Nights Global промоушн" Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардид.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев, размкори шинохтаи тоҷик дар Маскав
Гуфта мешавад, худи варзишгари 26-сола навореро нашр кардааст, ки дар он қонуншиканӣ сабт шудааст. Наворро на Чоршанбиев, балки марди дар бари ӯ нишаста сабт кардааст.
Баъди нашри навор варзишкорро ба Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Маскав бурданд, ки ӯ дар бораи барои қонуншиканӣ шаҳодат додааст.
Чоршанбе Чоршанбиевро барои бе ҳуҷҷат рондани мошин бозпурсӣ кардаанд. Ӯ шаҳодатномаи ронандагии миллиро пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави Русия эътибори қонунӣ надорад.
Ҳамзамон худрави таҳти идораи варзишкор суғуртаи ҳатмӣ надошта, қариб 100 ҷарима ба номи ӯ омадааст, ки ягонтои онҳоро пардохт накардааст.
Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев, размкори шинохтаи тоҷик дар Маскав
Ёдовар мешавем, моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазон Чоршанбиев бо автомобили тамғаи BMW ба сутуни канори роҳ бархӯрда буд. Дар пайи ин ҳодиса размкор ба кормандони БДА гуфта буд, ки пеши роҳи ӯро гирифтанд ва ӯ дучори садама гашт.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад.
Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала