Талоши “Амонатбонк” барои тақвияти ҳамкориҳо бо ширкати "Мир" ва “Компас плюс”-и Русия

© пресс-служба ГСБ РТ "Амонатбанк"Глава "Амонатбанк" и генеральный директор платежной системы "Мир"
Глава Амонатбанк  и генеральный директор платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
“Амонатбонк” талош дорад, ҳамкориҳояшро бо ду ширкати бонуфузи Русия тақвият диҳад
ДУШАНБЕ, 6 дек– Sputnik. Ахиран дар шаҳри Маскав дидору гуфтугӯи Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” бо Владимир Комлев, мудири кулли Ҷамъияти саҳомии низоми миллии кортҳои пардохтии (НМКП) низоми пардохти “Мир” сурат гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии “Амонтабонк”, дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба васеъ намудани доираи фаъолияти кортҳои бонкии “Амонатбонк” ва “Мир” баррасӣ гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки роҳбари ширкати “Мир” зимни мулоқот зикр намудааст, ки “Амонатбонк” яке аз шарикони боэътимод дар минтақа аз нигоҳи рушди ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ба шумор меравад.
Тарафҳо бар густариши ҳамкориҳо аҳамияти хос доданд.
ЦБ рекомендовал ограничить выдачу денег через банкоматы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Аз қарз ба муҳоҷирон то интиқоли пул: баррасии ҳамкории ду бонки амонатгузорӣ
Ҳамзамон Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк" дар доираи сафари кориаш ба Русия ҳамзамон бо Олга Демина, мудири ширкати таъминкунандаи барнома ва технологияҳои муосири рақамии бонкии ҶДММ “Компас Плюс” мулоқот намуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба мукаммал намудани барномаҳои ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти бонк дар самти бозоргирӣ баррасӣ шуданд.
Олга Демина қайд кардааст, ки “Компас Плюс” омодааст, барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони “Амонатбонк” курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ доир намояд.
Бояд қайд кард, ки “Амонатбонк” яке аз бонкҳои бузургтарин ва низомсози Тоҷикистон аст ва тасмим дорад, ояндаи наздик тамоми хидматрасониҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар рақамӣ кунад, дастрасии мизоҷонро ба хидматрасониҳои бонкӣ боз ҳам осонтару намояду онро тавсеа бахшад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала