Баррасии тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия дар як мулоқоти маҷозӣ масоили муҳоҷиратиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран барои баррасии санадҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ машварати навбатии байниидораии миёни Тоҷикистону Русия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласаи маҷозӣ Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ намояндагӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин машварат ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии дархлдори ҳар ду ҷониб, аз ҷумла аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, корҳои дохилӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷию дохилии Русия дар Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Министр строительства  и жилищно-коммунального хозяйства РФ Ирек Файзуллин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Русия: Умури сохтмониро бидуни муҳоҷирон метавон анҷом дод, аммо ин вақт мехоҳад
Манбаъ қайд кардааст, ки мақсади ҳамоиши мазкур баррасии лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ дар робита ба муҳоҷират буда, мавқеи ҷонибҳо вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, оид ба пазириши муҷадад (реадмиссия) ва протокол дар бораи тартиби татбиқи он, оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ илова кардааст, ки ҷонибҳо барои таҳким ва комил гардидани санадҳои мазкур нишастҳои навбатиро низ ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0