Боздошти мансабдори Кумитаи замин ва зертобеаш ба иттиҳоми фасоди молӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Як мақомдори ноҳияи Ҷайҳун ва тобеаш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудаанд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳунро бо як кормандаш боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумита С.Т. С. бо истифода аз мақоми хизматӣ даст ба қаллобӣ задааст.
Оҷонсӣ гуфтааст, раиси кумита бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеаш С. Ҷ. М. ба корафтода шаҳрванд “А” зарари моддӣ расонидаанд.
Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Оҷонсии зидди фасод мансабдори ҳукумати Деваштичро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
Боздоштшудаҳо шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.

"Сипас, С. Т. С. ва С. Ҷ. М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муаянеро иҷро накарданд", - афзуд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 3 банди "а"- и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала