Аз Қонуни буҷа то натиҷаи вазъи Хоруғу ҷанги "толиб"-ҳо бо Эрон ва ваъдаи Путин

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон барои соли 2022 маълум шуд. Мақомот аз поёни гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ хабар доданд ва раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки ба таҷдиди артиши Тоҷикистон кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистону ҷаҳон бо як қатор рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хотирмон буд.
Дар маркази ВМКБ баъди се рӯз гирдиҳмоиҳо ба итмом расиданд, Қонуни буҷаи давлатӣ имзо гардид ва вазири саноат Шералӣ Кабир ба Маскав сафари корӣ анҷом дод.
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар иртибот бо вазъи Афғонистон артиши Тоҷикистонро тақвият медиҳад.
Шарҳи ин ва дигар хабару рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи рафта, аз 29 ноябр то 5 декабрро дар гузориши вижаи Sputnik Тоҷикистон мутолеа намоед.

Ваъдаи Путин

Якуми декбар дар робита бо вазъи Афғонистон раисҷумҳури Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ба таҷдиди артиши Тоҷикистон кумак мекунад.
Ин нуктаро президент дар маросими қабули эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Маскав расонаӣ кард.
“Бо дарназардошти вазъи душвори кишвари ҳамсояи Афғонистон Русия ба дӯстони тоҷик дар заминаи таъмини амният, аз ҷумла тавассути барномаи таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак хоҳад кард”, - афзуд вай.
Путин ҳамчунин гуфт, ду кишвар ҳамкории наздик доранд ва масъалаҳои доғи минтақаиро бо ҳам ҳамоҳанг мекунанд.
Президент РФ В. Путин принял верительные грамоты у вновь прибывших послов иностранных государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ваъдаи Путин барои таҷдиди артиши Тоҷикистон
Ёдрас менамоем, ин изҳороти президент дар ҳолест, ки тайи ҳафтаи гузашта хабарҳои зидду нақиз дар бораи вазъи марзи Афғонистон ва Эрон паҳн гардида буданд.
Як расонаи афғонистонӣ дар истинод ба манобеаш хабар дод, ки дар марзи Афғонистону Эрон, дар вилояти Нимрӯз задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар натиҷа посгоҳҳои “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои сиёҳчашмон” ба тасарруфи толибҳо гузашт.

Хоруғ: аз анҷоми гирдиҳамоиҳо то ҷаласаи Мирзонабот

29 ноябр, ниҳоят пас аз се рӯзи гирдиҳамоиҳо дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ дар робита бо куштори Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми боздошт аз ҷониби мақомоти амниятӣ, хабар дода шуд, ки эътирозҳо ба поён расиданд.
Бино бар иттилои расмии мақомот, “гирдиҳамоӣ ғайриқонунӣ, ки аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, то соати 20:00-и 28 ноябри соли ҷорӣ давом кард”.
Ҳамон рӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҷаласа баргузор кард ва дар бораи вазъи ахири Хоруғ сухан гуфт.
Город Хорог, центр ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
“Мирзонабот дар мақомаш монд”: дар Хоруғ чӣ иттифоқ афтод?
Ӯ қайд кард, ки набояд ба овозаҳои дурӯғ ва маълумоти беасос дода шуд. Раис аз хидматчиёни давлатӣ даъват кард, ки ба иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Ба ҷавонон бошад, бо зикр аз дастури президент дар бораи таъмини онҳо бо ҷои кор ваъда дод, ки ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил мекунад.

Иқтисод: рубл “афтоду парид” ва буҷаи давлатии Тоҷикистон имзо шуд

Охири ҳафта Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки арзиши рубл нисбат ба сомонӣ поён рафт: 1 рубл баробари 0.1496 сомонӣ шуд.
Тайи рӯзҳои истироҳатӣ рубл дубора сууд кард ва нисбат ба сомонӣ мустаҳкамтар шуд. Тибқи нишондоди БМТ, 1000 рубл ба 153.1 сомонӣ муодил шуд.
Аввали ҳафта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2022-ро имзо кард.
Дар буҷаи давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағ ихтисос ёфтааст.
Эмомали Рахмон принял участие во внеочередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Раҳмон Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2022-ро имзо кард: маблағ ба куҷо меравад
Ҳаҷми буҷаи давлатии кишвар барои соли 2022 33 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин тайи ҳафтаи рафта Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав ширкат кард ва аз рушди иқтисоду энергетикаи ҷумҳурӣ суҳбат намуд.
Шералӣ Кабир гуфт, рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи 20 соли охир беш аз 7,5 дарсадро нишон медиҳад ва барои нигоҳдории чунин мизон афзоиши иқтидори энергетикӣ ва таъмини нерӯ зарур аст.
Ӯ таъкид намуд, кишвар ҷонибдори таъмини инфрасохтори энергетикӣ дар сатҳи минтақаӣ мебошад ва кор дар хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро муҳим хонд.
Вазир афзуд, ҳатто бо иқтидори феълӣ ҷумҳурӣ дар фасли гармо нерӯи барқи изофии зиёд дорад, ки метавонад ба Афғонистону Покистон интиқол ёбад.
Шералӣ Кабир иқтидори бузурги нерӯи офтобӣ дар Тоҷикистонро зикр намуд, ки соле ҳудуди 300 рӯзи офтобӣ дорад.

Як ҳафтаи президент Эмомалӣ Раҳмон

29 ноябр Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва барои ширкат дар Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима карданд.
Ҷаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Раҳмон аз вазъи минтақаҳо гуфт: ӯ дастур дод, ки ҷомеа бо барқ таъмин шавад
Ҳамчунин дар доираи ҳамин форум Эмомалӣ Раҳмон ва Рашид Мередов, муовини раиси кобинаи вазирони Туркманистон омодагӣ ба сафари расмии ҷавобии Қурбонгулӣ Бердиҳмуҳаммадовро ба Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
30 нобяр хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи ҳукумат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 супориш дод.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати кишти тирамоҳӣ, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии хӯрокворӣ ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар дастур додааст.

Боз баҳсҳои марзӣ, боз бо Қирғизистон

Якуми декабр боз аз сар задани баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода шуд.
Ин баҳс 30 ноябр, вақте сар задааст, ки чанде аз сокинони деҳаи наздимарзии Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хостаанд, атрофи хонаҳои худро бо девор маҳкам кунад.
Аммо қирғизҳо монеи ин кор шудаанд.
Чунин рафтори сарҳадбонони қирғиз ба таҷаммуи шумори зиёди сокинон аз ду тараф ва мунозираи марзӣ мунҷар шудааст.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчиқалъача дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сокиноне, ки ба сохтмони девори хонаҳояшон машғул шудаанд, беш аз бист сол ба ин тараф дар деҳаи Қалъача зиндагӣ мекунанд ва он таърихан ҳудуди ноҳия Бобоҷон Ғафуров аст, аммо сарҳадбонони қирғиз он ҳудудро минтақаи баҳсӣ пиндошта, монеи кори сокинон шудаанд.
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 4-соатаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ду макон: баҳс ҳал мешавад?
Дуюми декбр хабар дода шуд, ки баъди тирандозии рӯзи якуми декабр дар марз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи посбонии муштараки минтақаи марзӣ ба мувофиқа расиданд.
Тасмим гирифта шуд, ки ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мақомоти қудратии ҷонибҳо аз дуюми декабр дар минотиқи марзӣ гаштзании муштарак баргузор кунанд.
Аммо бо ин алангаи оташи ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистон хомӯш нашуд.
Рӯзе пас Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби деҳаи Сомониёни Исфара аз сӯйи қирғизҳо дар марз шадидан латукӯб шуд.
Ин ҳодиса баъд аз зуҳри якуми декабр, замоне рух додааст, ки Собиров барои ҳамроҳи худ бурдани хонандаҳо ба мактаб мерафт, вале қирғизҳо пеши роҳаш баромада, ӯро шадидан латукӯб намудаанд.
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Латукӯби Собиров, муовини мудири як мактаби Исфара аз сӯйи қирғизҳо
Сеюми декабр расонаҳо аз музокироти чаҳорсоатаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ду макон хабар доданд.
Мақомоти ду кишвар дар рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара музокирот гузарониданд - маконҳое, ки рӯзҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудаанд.
Онҳо бори дигар роҳҳои ҳалли танишҳои марзӣ ва пешгирии онҳоро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала