Даргирии дигар дар вилояти Кописо се куштаю ду маҷрӯҳ бар ҷой гузошт

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Даргирии навбатӣ дар ҳудуди вилояти Кописои Афғонистон ҳадди ақал се кушта бар ҷой гузоштааст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Даргирии маргбор миёни нерӯҳои толибҳо ва афроди номаълуми мусаллаҳ сар зада, дар натиҷа се тан кушта шудааст, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли Мавлавӣ Каримуллоҳ Васиқ, раиси бахши иттилоот ва фарҳанги вилояти Кописо афзуд, ки дар ин даргирӣ ду нафар аз афроди мусаллаҳ ва як намояндаи толибҳо кушта шудаанд. Таъкид шудааст, ки дар пайи ин даргирӣ инчунин ду фарди ғайринизомӣ захм бардоштааст.
Мавлавӣ Каримуллоҳ афзуд, ки ин ҳодиса шаби 5 ба 6 декабр дар шаҳри Маҳмудроқӣ, маркази вилояти Кописо рух додааст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Нигаронии кишварҳо аз куштори низомиёни пешин дар Афғонистон ва вокуниши толибҳо
Таъкид шудааст, ки даргирӣ баъди он оғоз шуд, ки афроди мусаллаҳ ба нерӯҳои толибҳо ҳамла овардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл низ ду омӯзгори як мадрасаи динӣ дар маркази Кописо аз тарафи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шуд.
Дар ҳоли ҳозир фақру бекорӣ, адами амният, нотавонии истихобороти толибҳо аз омилҳои аслии афзоиши ҷароим дар Афғонистон арзёбӣ мешавад. Инчунин амалҳои террористӣ ва бомбгузориҳои ҳадафмандонаи аъзои ДИИШ* дар нуқоти гуногуни Афғонистон мунтазам сабт мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон дар нимаи моҳи август забт карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала