Ғолибони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маълум шуданд: киҳо дар зинаи аввал?

© ФФТCoca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги
Coca-Cola-чемпионата Таджикистана-2021 среди команд высшей лиги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Даври охирин муайян кард, ки кадом тим дар мусобиқаи байни бошгоҳҳои Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол мекунад
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Бозии даври хотимавӣ ва ҷашнии Қаҳрамонии 30-юми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 5 декабр баргузор шуд.
Ғолиби мусобиқот пешакӣ маълум буд - бошгоҳи "Истиқлол", ки қаблан бештар аз ҳама, 68 имтиёз ба даст овард, пешакӣ зинаи аввалро соҳиб гардид.
Ҷойи дуюм низ қаблан муайян шуда буд - "Хуҷанд" бо 55 имтиёз ин зинаро аз худ кард.
Ягона номуаянӣ ин буд, ки кӣ ҷои сеюмро мегирад. Ҳамин тариқ ССКА дар даври ниҳоӣ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, 44 имтиёз ба даст овард ва аз дастаи "Истаравшан" пеш гузашт.
Дар натиҷа қаҳрамони кишвар, яъне "Истиқлол"-и Душанбе соли оянда дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК ширкат мекунад.
Барандаи медали нуқра - “Хуҷанд” ва барандаи медали биринҷ - ССКА ҳуқуқи муаррифии Тоҷикистонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 пайдо карданд.
"Кӯктош" ва "Душанбе", ки ҷойхои нуҳум ва даҳумро гирифтанд, ба лигаи якум баромаданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала