"Гурӯҳи сабз": толибҳо воҳиди мубориза бо ҷангалбурӣ ташкил мекунанд

© PixabayТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Ҳукуматдорони нав дар Афғонистон азм доранд, ки воҳиди ҷадиде барои ҳифзи ҷангалзорҳои ин кишвар таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тасмими таъсиси воҳиди ба ном "Гурӯҳи сабз" дар ҷаласаи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон қабул шудааст.
Дар ин бора "TOLOnews", бо такя ба Шамсиддин Шариатӣ, мудири дафтари ҳифзи захираҳои табии Вазорати кишоварзии Афғонистон хабар додааст. Ӯ таъкид намудааст, ки қарори таъсиси "Гурӯҳи сабз" аллакай аз ҷониби ҳукумати нави ин кишвар тасвиб гардид.
Қорӣ Саиди Хустӣ, намояндаи расмии Вазорати умури дохилии ҳукумати толибҳо дар Афғонистон изҳор доштааст, ки феълан ин воҳид дар ҳоли ташаккул мебошад.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Даргирии дигар дар вилояти Кописо се куштаю ду маҷрӯҳ бар ҷой гузошт
Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин сохтор пешгирии буриши ғайриқонунии ҷангал ва қочоқи чӯбу тахта ба хориҷ аз ин кишвар мебошад.
Интизор меравад, ки дар навбати аввал дарахтони писта ва дар дурнамо тамоми ҷангалзорҳо зери назорати "Гурӯҳи сабз" қарор гиранд. Дар гузориш зикр шудааст, ки сокинони маҳаллӣ аз ин ташаббус истиқбол мекунанд.
Бар асоси иттилои Вазорати кишоварзии Афғонистон, соли равон аз ин кишвар ҳудуди 39 ҳазор тонна писта содир шудааст. Ин намуди маҳсулот асосан дар вилоёти Ҳирот, Бодғис, Форёб, Балх, Самангон, Ҷузҷон, Сарипул, Кундуз, Бағлон, Тахор ва Бадахшон парвариш мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала