Додгоҳ Чоршанбиевро ҷарима ва аз Русия ихроҷ кард - видео

© FacebookЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Обуна шудан
Додгоҳе дар шаҳри Маскав размкори тоҷик Чоршанбе Чоршанбиевро ҷарима ва аз Русия ихроҷ кардааст
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Чоршанбе Чоршанбиев бо қарори додгоҳ 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, аз Русия ихроҷ мегардад.
Қарори додгоҳ рӯзи шашуми декабр дар ҳузури худи варзишкор эълон шуд.
Додгоҳ размкор ва блогерро дар нақзи қоидаҳои ҳузуру будубош дар Русия гунаҳкор дониста, барои ихроҷи маҷбурияш қарор содир намуд.
Муқаррар шудааст, ки то ихроҷаш Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳдорӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки размкори шинохтаи тоҷики ширкати "Fight Nights Global промоушн" Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад. Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0