Нигаронии СММ аз хатари гуруснагии миллионҳо нафар дар Афғонистон

© AFP 2021 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард, 23 миллион нафар дар Афғонистон бо хатари гуруснагӣ ва фақри шадид мувоҷеҳ аст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бабар Балох, сухангӯи СММ дар умури паноҳандагон эълом кардааст, ки хонаводаҳои бесарпаноҳ дар Афғонистон ба либоси гарм, сӯзишворӣ барои гарм нигоҳ доштан, маводи ғизоӣ ва дору ниёз доранд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ово".
“Буҳрони башарӣ рӯз аз рӯз дар Афғонистон зиёд мешавад ва гуруснагӣ дар ин кишвар ба сатҳи бесобиқа расидааст”, - афзуд вай.
Балох инчунин аз осибпазирии кудакони афғонистонӣ ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти ин кишвар ҳушдор дод.
Вай гуфт, ки як миллион кудак дар Афғонистон бо хатари марг рӯ ба рӯ шудааст.
Чанде пеш бахши Созмони пизишкони бидуни марз дар Ҳирот, дар ғарби Афғонистон эълом кард, ҷанг ва даргирии чандсола дар ин кишвар сабаби он шуд, ки аксари афғонистониҳо ба камбуди тағзия дучор шаванд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории “Парс тудэй”, ахиран дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон эълон кардааст, ки Амрико масъули авзоъи нобасомони кунунӣ дар Афғонистон аст.
Саидаббоси Ироқчӣ дар дидори Мот Кенудсен, муовини намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллал дар умури Афғонистон тасреҳ кард, ки ҳузури Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ошуфтагиву нобасомонӣ барои мардуми минтақаро ба дунбол доштааст.
Вай афзуд, пайгирии рӯйкарди минтақаӣ барои ҳаллу фасли масоили Афғонистон, ташкили давлати фарогир дар Кобул, тазмини амният дар ин кишвар ва ҳамчунин амнияти марзӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро муҳим донист.
Дар ҳамин ҳол Мот Кенудсен тавваҷуҳи ҷиддии ҷомеаи байналмиллалӣ ба мушкилоти асосии мардуми Афғонистон, бавижа бо тавваҷуҳ ба наздикии фасли зимистонро хостор шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала