Раҳмон Ҷабборовро табрик карду аз ҳамсоягии нек гуфт

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонСайругашти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Варзоб
Сайругашти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов номаи шодбошӣ ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро бо солгарди умраш шодбош гуфтааст.
Раҳмонов ба Ҷабборов саломатӣ ва дар корҳои давлатияш комёбӣ таманно кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Қирғизистон.
"Ба шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон некӣ ва шукуфоӣ таманно дорам", - омадааст дар паёми Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон дар ин нома гуфтааст, "бо истифода аз ин фурсати гуворо изҳори итминон менамоям, ки муносибатҳои ҳамкории созандаи Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои муштарак рушду тавсеа хоҳанд ёфт".
Ҳамзамон Ҷабборовро ба зодрӯзаш сарони Русия, Беларус ва Эрон табрик кардаанд.
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: таъкиди сарони давлатҳо ба таҳкими дӯстӣ
Ёдовар мешавем, президенти Қирғизистон 53 сол дошта, соли 1968 дар вилояти Иссиқкӯл таваллуд шудааст.
Ҷабборов хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (1987) ва Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Борис Елтсин бо ихтисоси ҳуқуқшинос (2006) аст.
Қадами аввалашро ӯ ба сиёсат соли 2005 бо расидан ба курсие дар парлумони Қирғизистон ниҳода, дар чанд идораҳои давлатӣ мақомҳое дошт.
Ҷабборов 25 марти соли 2017, ҳангоми вуруд ба Қирғизистон аз тариқи марзи Қазоқистон бо ин кишвар боздошт шуда, бо иттиҳоми гаравгонгирӣ алайҳаш парванда боз ва ба 11 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш шадид шуд.
Ӯ дар пайи эътирозҳои 5 октябри 2020 аз зиндон раҳо шуд ва баъди истеъфои Сооронбой Жээнбеков иҷрокунандаи мансаби президент гашт. Аз январи 2021, пас аз интихобот расман президенти Қирғизистон интихоб гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала